[@Шеърҳои «Калимаи шаҳодати ранҷбарӣ» (1922), «Инқилоби Сурх» (1923) ва қасидаи «Кремл» (1923) ҳанӯз то ба Тоҷикистон омадани Лоҳутӣ дар байни хонандагони тоҷик иштиҳор ёфта, мухлисони бисёре пайдо кардаанд.#Sentence*] [@Аввалин маҷмӯаи шеърҳои дар Душанбе чопшудаи устод Лоҳутӣ «Адабиёти сурх» (1926) будааст.#Sentence*] [@Пас аз он дар мавзӯъҳои гуногуни ҳаёти ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистон шеъру сурудҳои бисёре навиштааст, ки аҳаммийяти калони таблиғотӣ дошта, ҳам аз ҷиҳати шаклу ҳам аз лиҳози мазмун тоза ва намунаи ибрати ҳамагон будаанд.#Sentence*] [@Беҳуда нест, ки солҳои сиюми садаи бист ӯ дар байни мардуми тоҷик шуҳрати беназире пайдо карда, бо унвони ифтихории «Падар» вирди забонҳо гардидааст.#Sentence*] [@Устод Айнӣ дар шахси ӯ бузургтарин шоир ва дӯсти ҳамсафару ҳамақида пайдо карда, ҳар ду паҳлӯ ба паҳлӯ истода адабиёти навини моро барпо карданд ва ӯ барҳақ асосгузори шеъри инқилобии тоҷикӣ шинохта шудааст.#Sentence*] [@Маҳз ӯ буд, ки Устод Айниро аз чанголи марг тавасути муроҷиат ба Сталин раҳо карда тавонист.#Sentence*] [@Бо ин ҳама, устод Лоҳутӣ яке аз қаҳрамонони миллии мо ба ҳисоб меравад.#Sentence*] [@Дар давоми солҳои сиюм устод Лоҳутӣ муҳимтарин асарҳояшро, аз қабили достонҳои «Мо зафар хоҳем кард» (1930), «Зӯри СССР» (1932), «Сафари Фарангистон» (1935), «Ду нишон» (1936) ва ғ., ба майдон овардааст.#Sentence*] [@Азбаски дар офаридани шеърҳои тамсилӣ таҷрибаи кофӣ пайдо карда буд, монанди «Се қатра», «Одами оҳанпо», «Шамшери фотеҳ», «Кӯҳ ва Оина», «Ба Ҳофизи нобино» ва «Посбони Ватан» чанд манзума офарида, дар ин қолаб ҳам имконпазир будани тасвири воқеъияти зиндагиро дигарбора нишон додааст.#Sentence*] |