sobir-hf's picture
Uploaded data files and parser script
453bed4
raw
history blame
2.25 kB
[@Ва ту дар муқобили паёмбарият аз онҳо музде наметалабӣ ва ин китоб ҷуз панде барои мардуми ҷаҳон нест!#Sentence*] (104) [@Чӣ бисёр нишонаҳое дар осмонҳову замин аст, ки бар он мегузаранд ва аз он рӯй барметобанд!#Sentence*] (105) [@Ва бештарашон ба Худо имон наёваранд, балки ҳамчунон мушриканд!#Sentence*] (106) [@Оё пиндоранд, ки эминӣ ёфтаанд аз ин, ки уқубате умумӣ аз азоби Худо онҳоро фурӯ гирад ё қиёмат ба ногоҳ фаро расад, бе он ки хабардор шаванд?#Sentence*] (107) [@Бигӯ: «Ин роҳи ман аст.#Sentence*] [@Ману пайравонам ҳамагонро бо далелу ҳуҷҷат ба сӯи Худо мехонем.#Sentence*] [@Пок аст Худо ва ман аз мушрикон нестам!#Sentence*]» (108) [@Ва Мо пеш аз ту ба пайғамбарӣ нафиристодем магар мардонеро аз мардуми деҳаҳо, ки ба онҳоваҳй мекардем.#Sentence*] [@Оё дар рӯи замин намегарданд, то бингаранд, ки поёни кори пешиниёнашон чӣ будааст?#Sentence*] [@Ва олами охират парҳезгоронро беҳтар аст, чаро намеандешед?#Sentence*] (109) [@Чун паёмбарон навмед шуданд ва чунон донистанд, ки онҳоро дурӯғ мебароранд, ёриашон кардем ва ҳар киро, ки хостем, наҷот додем ва азоби Мо аз мардуми гунаҳкор бозгардонида нашавад!#Sentence*] (110) [@Дар достонҳояшон хирадмандонро ибратест.#Sentence*] [@Ин достоне сохта нест, балки тасдиқи сухани пешиннён ва тафсили ҳар чизест барои онҳо, ки имон овардаанд, ҳидоят асту раҳмат.#Sentence*] (111)