|
[@Бефоида ҳар ки умр дарбохт, |
|
[@Чизе нахариду зар бияндохт. |
|
*** |
|
[@Се чиз бе се чиз пойдор намонад: мол бе тиҷорату илм бе баҳс ва мулк бе сиёсат. |
|
*** |
|
[@Раҳм овардан бар бадон ситам аст бар некон ва афв кардан аз золимон ҷавр аст бар мазлумон! |
|
[@Хабисро чу тааҳҳуд 1 кунию бинвозӣ, |
|
[@Ба давлати ту нигаҳ мекунад ба анбозӣ |
|
* * * |
|
[@Ба дӯстии подшоҳон эътимод натавон карду бар овози хуши кӯдакон, ки он ба хаёле мубаддал шаваду ин ба хобе мутаҳайир гардад. |
|
[@Маъшуқи ҳазордӯстро дил надиҳӣ! |
|
[@B-ар медиҳӣ, он дил ба ҷудоӣ биниҳӣ! |
|
* * * |
|
[@Ҳар он сирре, ки дорӣ, бо дӯст дар миён манеҳ: чӣ донӣ, ки вақте душман гардад ва ҳар газанде, ки тавонӣ, ба душман марасон, ки бошад, ки вақте дӯст шавад! |
|
[@Розе, ки ниҳон хоҳӣ, бо кас дар миён манеҳ, агарчи дӯсти мухлис бошад, ки мар он дӯстро низ дӯстони мухлис бошанд, ҳамчунин мусалсал! |
|
[@Хомӯшӣ беҳ, ки замири дили хеш |
|
[@Ба касе гуфтану гуфтан, ки «Магӯй»! |